(+372) 221 37 85

|

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34

Аз нав барасмиятдарорӣ


Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

Мутобиқи моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ", дар ҳолатҳои зерин аз нав ба расмиятдарорӣ амалӣ карда мешавад:

  1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродӣ, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии ў) ё соҳибкори инфиродӣ ўҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рўз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунад, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд 
  2. Муҳлати қабули қарор дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатномаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда тибқи тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муайян карда мешавад.
  3. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома мақомоти иҷозатдиҳанда ба феҳристи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта тағйироти дахлдор ворид менамоянд. 

  4. То азнавбарасмиятдарории иҷозатнома иҷозатномадор – шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии он) ва ё соҳибкори инфиродие, ки дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ариза пешниҳод намудааст, фаъолият ва ё амали дар он зикргардидаро дар асоси нусхаи аризаи пешниҳодгардида дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатнома бо қайди мақомоти иҷозатдиҳанда оид ба санаи қабули ариза анҷом медиҳад ё иҷро менамоянд.

  5. Барои азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба андозаи 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар санаи додани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарорӣ хироҷ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур ситонида мешавад.

       Намунаи ариза

   Замимаи 3 - Ариза барои аз нав барасмиятдаровардани иҷозатнома (боргирӣ намудан)

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо