(+372) 221 37 85

|

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34

Дар бораи хадамот


Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, иҷозатномадиҳиро дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.

Хадамот зерсохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ буда, фаъолияташро мутобиқи Низомномаи худ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 апрели соли 2007, №171 тасдиқ гардидааст, ба роҳ мондааст. Инчунин Хадамот дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи сохтмон ва меъмориро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад. Хадамот дар ҳар семоҳа ба Кумита оид ба натиҷаи фаъолияти худ, тибқи тартиботи муайяншуда ҳисоботи худро пешниҳод менамояд.

Вазифаи асосии Хадамот ин – додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷозатномадиҳӣ иборат аст аз:

  • Роҳбарият;
  • Шӯъбаи омӯзиш;
  • Шӯъбаи назорат;
  • Шӯъбаи қабул ва баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо;
  • Бахши муҳосибот ва баҳисобгирӣ;
  • Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ.

Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ 30 воҳид муқаррар гардидааст. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягона дар Хазинадории маркази Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Имрӯз Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул , ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021 ба вазифаи Сардор таъин гардидааст, роҳбарӣ менамояд.

Иҷозатнома (литсензия) ба довталабон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. Иҷозатнома – иҷозати махсусе мебошад, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас онро Хадамот ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ инфиродӣ додааст.

Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст. Дар Хадамот барои довталабони иҷозатнома тартиби ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ муқаррар карда шудааст, ҳуҷҷатҳои довталаб аз тарафи мутахассисони Хадамот пурра таҳлил ва омухташуда, баъдан барои баррасии ниҳоӣ ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ барои нуқтагузории ниҳоӣ пешниҳод карда мешаванд. Комиссия дар навбати худ ҳуҷҷатҳоро омӯхта, вобаста ба имкониятҳои доштаи довталаб, қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро қабул менамояд.

Номгӯи намудҳои фаьолияте, ки аз тарафи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад, инҳо мебошанд:
– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I

– фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III

– фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II

– фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I
Дар Хадамот бо мақсади дастгирӣ намудани рушди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои гирифтани иҷозатнома тартиби соддаи ҳуҷҷатгузорӣ ба роҳ монда шудааст.

Иҷозатнома ба муҳлати номаҳдуди амал дода мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо